Вся недвижимость Таджикистана

Купить, продать или сдать в аренду квартиры, дома в Душанбе, в Худжанде. Вся недвижимость Таджикистана

Мардуми шаҳри Хуҷанд бо хона таъмин мешаванд.

Қоматафрохтани хонаҳои баландошёна на танҳо ҳусни шаҳрро зиёд мегардонад, балки мардумро низ бо хона таъмин менамояд.

Имрӯз мо тасмим гирифтаем, ки оид ба бинои истиқоматӣ дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ воқеъ дар маркази шаҳр (Универмаг) маълумот диҳем.

Хонаи истиқоматии баланошёна аз 12 бино иборат буда,  дар худ  хонаи 1 ҳуҷрагӣ, 2 ҳуҷрагӣ, ду ҳуҷраи 3 ҳуҷрагӣ ва 4 ҳуҷрагиро доро аст.

Дар назар аст, дар ошёнаҳои 1 то 3  мағозаҳо баҳри мардум фаъолият намояд.

Бояд қайд намоем, ки аз бинои 4 то 6-ум нархи квадрати ҳуҷра аз  1500 оғоз ёфта,  то 1000 доллари ИМА арзиш дорад.  

Квадрати як ҳуҷрагӣ аз 56-55 кв, ду ҳуҷрагӣ аз 103-27 кв, се ҳуҷрагӣ 117-14 кв, боз як се ҳуҷрагӣ 116-0,8 кв ва чаҳор ҳуҷрагӣ 141-44 кв пешбинӣ шудааст.

Хотиррасон мекунем, ки фармоишгари бинои баландошёнаи истиқоматӣ ҶДММ “Диёри Хуҷанд”, пудратчӣ ҶДММ “Идораи сохтмони № 9”, лоиҳакаш ҶДММ “Мусаввир” мебошад.

Оғози сохтмон соли 2015 буда, анҷоми сохтмони мазкур соли 2018 ба нақша гирифта шудааст. 

E_978x112_bottom2